Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

МУКОФОТ МУБОРАК БОШАД

25 августи соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.
Аз ҷумла, Менеҷери Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" Сафаров Далер барои фаъолияти пурсамар бо медали "Хизмати шоиста" қадршиносӣ карда шуд.
Мо аҳли кормандони Лоиҳа Далер Хайриддиновичро самимона табрик намуда, бароятон дар фаъолияти минбаъдаатон бурдбориҳои беназир таманно дорем. Ин мукофот далели меҳнати софдилонаи Шумост.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид