БОЗДИДИ СОФИЯ ШАКИЛ АЗ МАРКАЗИ ДУШАНБЕ
Санаи 19-уми августи соли 2026 дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон директори гурӯҳи департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоӣ, департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд – София Шакил Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Хонум Шакил зимни ташриф ба Маркази мазкур аз синфхонаву устохонаҳои таълимӣ ва шароити дар он фароҳамшуда, раванди дарсҳои амалии касбҳои "Андовачӣ", "Роҳбалад" ва "Устои қисмҳои барқии мошин" аз наздик шинос шуда, бо таълимгирандагон суҳбатҳо оростанд.
Дар фарҷом хонум Шакил қаноатмандии хешро аз ҷараёни баргузории курсҳои касбомӯзӣ иброз намуда, дар фаъолияти минбаъда ба кормандони марказ муваффақият таманно намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд