МУЛОҚОТИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БО ВАЗИР
Санаи 19 августи соли 2026 миссияи Бонки Осиёии Рушд дар ҳайати директори гурӯҳи департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоӣ, департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд – София Шакил, мутахассис оид ба маориф -Алия Кадирова, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон - Ко Сакомото ва дигар шахсони масъул бо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат карданд. Аз он ҷумла қайд карда шуд, ки Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” дар ҷалби ҷавонон ва махсусан занон ба омӯзиши касбӣ дар марказҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ саҳми арзанда гузоштааст.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати рушди муносибатҳо омодагии худро изҳор намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд