ТАШРИФИ СОФИЯ ШАКИЛ БА МАРКАЗИ РОҒУН
Санаи 18-уми августи соли 2026 ба Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Роғун миссияи Бонки Осиёии Рушд дар ҳайати директори гурӯҳи департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоӣ, департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд – София Шакил, мутахассиси бахши маориф - Алия Кадирова ва дигар шахсони масъул ташриф оварданд.
Муҳтарам София зимни ташриф аз фаъолияти Марказ ва рафти курсҳои касбомӯзӣ шинос шуданд. Инчунин дар раванди баҳодиҳии касбҳои "Таъмиргари асбобҳои рӯзгор", "Васлгар/таъмиргари хатҳои ҳавоии интиқоли барқ" иштирок намуда, аз малакаҳои ба дастовардаи баҳрагирандагон дидан намуданд. Хонум Шакил қайд карданд, ки ҷалби ҷавонон алалхусус занон ба касбомӯзӣ дар соҳаи энергетика мояи рушд мебошад.
Дар маҷмӯъ хонум Шакил аз ташриф ба Марказ изҳори қаноатмандӣ карда, дар фаъолияти минбаъдаи марказ пешравиҳои беназир таманно намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд